Самти таълим:
- Ноил шудани донишҷӯйи бахши 1-ум Сангинова Дилангез ба идрорпулии Раиси шаҳр, донишҷӯйи бахши 2-юм Абдунаимзода Малика ба идрорпулии Раиси вилояти Сущд ва донишҷӯйи бахши 3-юм Қосимӣ Фирӯза ба идрорпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Иштироки донишҷӯй Солиева Таҳмина дар олимпиадаи V донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ва сазовор шудан ба медали биринҷӣ (майи 2014).
- Иштироки донишҷўён Самиева Моҳтоба ва Шаҳобова Муиза дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ аз фанҳои забони тоҷикию таърих ва сазовор гардидан ба Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (майи 2014).
- Мақола дар конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Об -манбаи ҳаёт ва солимӣ» дар мавзўи «Оби тоза – манбаи зиндагӣ ва саломатӣ», Бобоева Г.В. (майи 2014).
- Ҳимояи рисолаи номзадии омўзгор Сафохонов Д.Т. (сентябри 2014).
Самти варзиш:
- Дар чемпионати вилоятӣ оид ба шоҳмот дар байни бонувон сазовори ҷойи II, соҳиби медали нуқра шудани Ҳусенхоҷаева Шаҳодат (соли 2010)
- Бо диплом сарфароз гардонида шудани бозингари беҳтарини дастаи бонувони коллеҷ Маратзода Шоҳзода, дар чемпионати вилоятии “Футбол-2014”.
- Иштироки дастаи волейболбозони коллеҷ дар мусобиқаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд (сазовори ҷойи сеюм, сентябри -2014)
Самтҳои дигар:
- Иштирок ва сазовори Ифтихорнома дар Фестивал – озмуни телевизионии ҷумҳуриявии «Андалеб - 2014»
- Ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии«ШОТО» ва ташкили 20 нафар гурўҳи «Ихтиёриён».
- Иштироки донишҷўён дар Иди атлас ва адраси Хужанд (ишғоли ҷойи 2-юм дар озмуни либоси идона, ҷойи 3-юм либоси рўзмарра).