Версия барои чоп  PDF

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо

КАДОМ ҲУҶҶАТҲО барои аз қайд гузаштан лозим аст?

Øасл ва нусхаи шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои шахсони то 16-сола – асл ва нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ва маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист);

Øҳуҷҷат дар барои таҳсилот:

– маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум будан (барои хатмкунандагони муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ);

– маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум будан (барои хатмкунандагони муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ);

– маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан (барои хатмкунандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ);

– маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунандаи гурӯҳи таҳсилаш пулакӣ будан (барои хатмкунандагони муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ);

–  асл ва нусхаи аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ (барои синфи 9-ум);

 асл ва нусхаи аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (барои синфи 11-ум);

–  асл ва нусхаи диплом бо замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);

–  асл ва нусхаи диплом бо замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ (барои онҳое, ки хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм кардаанд);

Øрасид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» (ҳаҷми маблағро ҳар сол Маркази миллии тестӣ муайян менамояд);

Øҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад).

 

© 2011-2025 Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара