Фаъолияти коллеҷи тиббӣ
Маълумоти умумӣ дар бораи пояҳои меъёрию ҳуќуќии таълимгоҳ
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара» (собиќ омўзишгоҳи тиббии ш.Исфара) дар асоси Ќарори Раиси ш.Исфара аз 16.06.2008 таҳти №341 ”Дар бораи таъсиси муассисаи таълимии давлатии “Омўзишгоҳи тиббии ш.Исфара” таъсис ёфта, бо Ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.09.2012сол, таҳти №578 “Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба баъзе Ќарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Бо Ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014 сол таҳти №148 “Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муассисаи таълимии давлатии “ Омўзишгоҳи тиббии ш.Исфара” ба Муассисаи давлатии таълимии ”Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара” табдил дода шуд.
Суроѓаи ҳуќуќии таълимгоҳ: вилояти Суѓд, шаҳри Исфара, маҳаллаи 9/5-б мебошад. Муассиси таълимгоҳ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти он дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ», Оинномаи муассиса, ки бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 967 аз 13 ноябри соли 2014 тасдиќ шудааст, иҷозатнома оид ба ҳуќуќи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббӣ бо силсилаи ВТҲИА ВМИ №0000036 (мўҳлати амал то 6 октябри соли 2021), шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ аз санаи 02 июни соли 2017 таҳти №6 силсилаи ВТҲИА ВМИ №0000056 (мўҳлати амал то 02 июни соли 2022), фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ќарорҳои раиси шаҳри Исфара ва ќарорҳои Шўрои омўзгорони коллеҷ ба роҳ монда шудааст.
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара» ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи касбӣ мутахассисони соҳаи тандурустиро аз рўи ихтисоси «Кори ҳамширагӣ» омода менамояд. Коллеҷ дорои ҳисоби бонкӣ, мўҳр ва штамп мебошад.