Версия барои чоп  PDF

Барнома оид ба касбинтихобкунӣ

Имрӯзҳо дар назди хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ масъалаи муҳим, яъне интихоб намудани касби дилхоҳ истодааст.

Бояд дар назар дошт, ки интихоби касб, пеш аз ҳама, банақшагирии роҳи ҳаёт аст. Аз ин рў, ҳамон касберо интихоб бояд кард, ки дар ҳаёт ба кор ояд, на ин ки бо гузашти муддати кўтоҳе аз он дилгир шавем. Бошуурона сурат гирифтани интихоби касб маънои дуруст баҳо додан ба шавқу ҳавас, майл ва қобилиятро дорад, ки зимни он касс метавонад характери худро ташаккул диҳад. Интихоби дурусти ихтисос барои довталаб кори ҷидист ва шитобкориро намепазирад. Ин интихоб бо назардошти талаботи бозор ба ин тахассус ва дар оянда ҷои кори муносибу доимӣ дарёфт карда тавонистан бояд сурат гирад. Дар он низ нақши падару модар низ нақши муҳим бозида метавонанд.

Яке аз касбҳои пуршараф, дар айни ҳол пурмасъулият, ин  касби  корманди соҳаи тандурустӣ, хусусан, корманди  миёнаи тиб ба шумор меравад.

Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара барои соли таҳсили 2019-2020 барои қабули донишҷӯён  дари худро боз мекушояд.

Коллеҷ соли 2008 фаъолияти худро оғоз намудааст.Ҳоло дар 3 бахш зиёда аз 512 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.202 нафар донишҷӯён коллеҷро хатм намуда, дар муассисаҳои табобатии шаҳру ноҳия кор ва фаъолият доранд. Донишҷӯёни мо ҳар сол дар олимпиадаҳо ва спартакиадаҳои шаҳрӣ,вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок карда истодаанд.

Дар бинои асосии омӯзишгоҳ 3 толори лексионӣ,27 утоқи дарси,аз он ҷумла утоқҳои фаннии забонҳо,асосҳои кори ҳамширагӣ,анатомия ва физиология, фармакология, педиатрия, кимиё, физикаи тиббӣ, биология бо экология, информатика бо 20 адад компютерҳо мавҷуд аст ва  барои илмомӯзӣ ва касбомӯзии донишæӯён ҳаматарафа омода карда шудааст.Ғайр аз ин, дар заминаҳои БМШ,маркази саломатии шаҳр ва осоишгоҳи «Зумрад» 15 утоқ барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ омодааст.Инчунин   ҳамаи муассисаҳои  табобатии шаҳру ноҳия заминаи  таълимию таҷрибаомӯзии коллеҷ аст.

Дар китобхонаи коллеҷ зиёда аз 5595 адад адабиётҳо мавæуд буда,аз онҳо 4470 адад китобҳои тахассусӣ мебошад.

Дар коллеҷ 26 нафар омӯзгорони асосӣ,аз он ҷумла 8 нафар дараҷаи олӣ, 6       нафар дараҷаи якум, 6 нафар дараҷаи дуюм фаъолият мебаранд.Fаӣр аз ин зиёда аз 70 нафар омӯзгорони ҳамкор аз ҳисоби духтурон ба донишчӯён сабак меомӯзонанд.

Дигаргуниҳои соҳаи тиб дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои тибро низ фаро гирифта истодааст. Барои баланд бардоштани савияи касбомӯзӣ дар соли  аввали таҳсил шумораи донишҷӯён 15 нафар, дар курсҳои минбаъда 10-12 нафарӣ муқаррар карда шудааст, ки  тайёр намудани кадрҳои баландихтисос мусоидат мекунад.

Айни замон, дар коллеҷ  як факултаи “Кори ҳамширагӣ”, 3 кафедра(умумигуманитарӣ, табиию риёзӣ ва тахассусӣ) фаъолият бурда истодааст.

Қабули довталабон аз соли 2016 бо тариқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ММТ ба роҳ монда  шудааст.

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ОИД БА ИМД

qИмтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) низоми марказонидаи ташкилу баргузории имтиҳонҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақсимоти онҳо ба ин муассисаҳо аст, ки бо мақсади арзёбии воқеӣ ва одилонаи дониш, малака ва маҳорати довталабон роҳандозӣ шудааст.

qНизоми ИМД-ро Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.

qИМД низоми даврӣ аст, ки он аз марҳалаи омодагӣ барои бақайдгирӣ то эълони натиҷаҳои озмуни тақсимот ва ҳозиршавӣ ба муассисаҳои таълимии дахлдор идома меёбад.

qДар раванди ИМД аз техника ва технологияи муосир васеъ истифода карда мешавад, ки ин аз байн бурдани таъсири омили инсониро дар ҳамаи раванду марҳалаҳо таъмин менамояд.

qДар ИМД ҳамаи шахсоне, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳуқуқи ширкат дар ин имтиҳонҳоро додааст, иштирок карда метавонанд.

qИштирок дар ИМД ихтиёрӣ буда, хизматрасонӣ ба довталабон пулакӣ мебошад.

qАрзиши хизматрасониро ҳар сол то оғози марҳалаи бақайдгирӣ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ИМД

Барои ташкил ва баргузории ИМД маҷмӯи принсипҳои муайян пешбинӣ шудаанд:

q Принсипи адолат – тартиби ягонаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ муқаррар гардида, ба довталаб ҳуқуқи пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ дода шудааст.

q Принсипи шаффофӣ – иштироки комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ҷараёни имтиҳонҳо, пахши мустақими раванди имтиҳонҳо тавассути камераҳои назоратӣ, эълони натиҷаи имтиҳонҳо ба воситаи кабинетҳои инфиродию SMS-паёмакҳо ва ғайра.

q Принсипи арзёбии одилонаба воситаи техника ва технологияи муосир ва бо барномаҳои махсуси худкор коркарду арзёбӣ шудани ИМД ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ дар ҳамаи марҳалаҳо.

q Принсипи дастрасии баробардовталабон дар нуқтаҳои бақайдгирии ба макони зисташон наздик ё нуқтаҳои бақайдгирии дилхоҳашон ба қайд гирифта мешаванд ва имтиҳонҳоро дар марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои интихобкардаашон бо забони тоҷикӣ ё русӣ месупоранд. Барои довталабони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд таъмини шароити зарурӣ пешбинӣ гардида, барои имтиҳонсупориашон қоидаҳои мувофиқ муқаррар шудааст.

q Принсипи мувофиқат – бо Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ ва барномаҳои таълимии амалкунанда мувофиқ будани мазмуну мундариҷаи маводи имтиҳон.

ТАВСИЯҲО БАРОИ ОМОДАГИИ ДОВТАЛАБОН БА ИМД

qОмӯзиши маводи дастурию иттилоотӣ оид ба ИМД, аз ҷумла “Роҳнамои довталаб”, намунаи маҷмӯаҳои саволу масъалаҳои тест ва тайёрӣ ба имтиҳонҳо тибқи барнома ва китобҳои дарсӣ.

qМаслиҳат бо наздикони худ дар боби интихоби касбу ихтисос ва муассисаҳои таълимӣ.

qИштироки фаъол дар машғулиятҳои курси шиносоӣ бо низоми ИМД дар муассисаҳои таълимӣ ва вохӯриҳо бо кормандони Марказ.

qОмода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошед), барои бақайдгирӣ ва ширкат дар ИМД.

qКушодани почтаи электронӣ ва мунтазам аз сомонаи Марказ (www.ntc.tj), кабинети инфиродӣ (http://cabinet.ntc.tj), хизматрасонии “Худро бисанҷ(http://onlinetest.ntc.tj) истифода бурдан.

qИстифода аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” дар ҳолати бархат (онлайн).

qМувофиқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (дар даъватнома ва кабинети инфиродӣ қайд шудааст) сари вақт ба имтиҳонҳо ҳозир шудан, дар рафти имтиҳонҳо бодиққат будан, аз рӯйи дастур амал кардан ва дар зарурат, сари вақт пешниҳод намудани аризаи апеллятсионӣ.

КАСБ  ВА  ИХТИСОС

Касб (ҳунар, пеша, шуғл) чунин навъи фаъолияти меҳнатӣ ва машғулияти инсон аст, ки:

  • омӯзиш ва тайёрии махсусро талаб мекунад;
  • дар ҳаёти инсон ҳамеша ба кор меравад;
  • манбаи даромад барои таъмини рӯзгор аст;
  • ному мартабаи инсонро баланд мебардорад.

 

ТАЛАБОТУ ТАВСИЯҲО БАРОИ ИНТИХОБИ ДУРУСТИ ИХТИСОС

Барои дурусту дақиқ ва бошуурона интихоб намудани ихтисос ҳар як ДОВТАЛАБ бояд:

  • талаботи бозори меҳнатро ба ихтисосҳо ба назар гирад;
  • ҳангоми интихоби ихтисос ба таҷриба ва маслиҳату пешниҳоди падару модар, устодон, хешу табор ва мутахассисони соҳа низ диққат дода, онро ба эътибор гирад;
  • хусусиятҳои физиологию психологии худ − саломатӣ, дониш, шавқу ҳавас, меҳру садоқат, лаёқату истеъдодро ба назар гирад;
  • бо олами ихтисосҳо шинос шуда, хусусиятҳои онҳоро фаҳмида, бо имкону тавони худ муқоиса намояд;
  • сатҳи дониш ва маҳорату малакаи худро дар мадди назар гирад (бахусус, барои ихтисосҳое, ки озмунашон баланд аст), зеро ки он омили комёбии довталаб дар ИМД аст.

Касбу ихтисосро ҳатман бо ихтиёри худ интихоб кунед. Дар ёд дошта бошед, ки бо ин касбу ихтисос Шумо шояд тамоми умр кору зиндагӣ намоед!

МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ. НОМ ВА НИШОНИИ ОНҲО

Довталаб бояд донад, ки аз рӯйи ихтисоси интихобкардааш кадом муассисаҳои таълимӣ мутахассисонро омода мекунанд. Соли 2020‑ум ба воситаи низоми ИМД ба 35 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 66 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҷӯён қабул карда мешаванд.

     Ҳар як довталаб бояд: ном ва макони ҷойгиршавии муассисаи таълимиро донад.

Намунаи ҷадвали феҳристи муассисаҳои таълимӣ

Ном

Нишонӣ

Рақами телефон

1

Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара

ш. Исфара, мкн 9, бинои 5 (дар паси бинои Маркази саломатӣ),

(3462) 2-54-41

ИНТИХОБИ ИХТИСОСҲО. МОҲИЯТИ БАРТАРИИ ИНТИХОБ

Довталаб ҳуқуқи танҳо дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо то 12 комбинатсияи ихтисосро вобаста аз муассисаи таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) интихоб карданро дорад.  

  Довталаб бояд он комбинатсияи ихтисосеро дар рӯйхати интихобҳояш дар ҷойи аввал монад, ки онро бештар писанд ва заруртар аз дигараш меҳисобад (бартарии интихоб). Сипас интихобҳои боқимондаро (мувофиқи хоҳишаш) дар ҷойҳои дуюм, сеюм ва ғайра – то дувоздаҳум ҷобаҷо гузорад.

  Интихоби касб ва ихтисос кори ШАХСИИ ҳар кас аст.

  Довталаб дар интихоби ихтисос ва ҷобаҷогузории он ОЗОД аст.

    Шахсони дигар ба довталаб танҳо ТАВСИЯ дода метавонанд.

Намунаи интихоби комбинатсияи ихтисосҳо дар гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (барои синфи 11)

Р/т

Ихтисос

Муассисаи таълимӣ

Шакли

таҳсил

Намуди таҳсил

Забони

таҳсил

1. 

2790106 Кори ҳамширагӣ

Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара

рӯзона

ройгон

тоҷикӣ

2. 

2790106 Кори ҳамширагӣ

Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара

рӯзона

пулакӣ

тоҷикӣ

 

© 2011-2025 Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара