Дар коллеҷ 26 нафар омӯзгорони асосӣ ва 70 нафар омӯзгорони ҳамкор фаъолият мебаранд, ки ин барои таъмини пурраи раванди таълим кифоягӣ мекунад. Миқдори кормандони маъмурӣ ва ёрирасон дар соли таҳсили 2015-2016 21,0 воҳиди кориро ташкил медиҳад, яъне нисбат ба соли гузашта 1,5 воҳиди кори зиёд шудааст, ки ин аз ҳисоби ворид гардидани 0,5 воҳиди кории коргари санитарӣ, як воҳиди кории фаррош мебошад. Дар коллеҷ 3 нафар номзади илми тиб (Мухторов И. -омӯзгори фанни бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ, Зоидбоев З.-омӯзгори фанни физиотерапия ва варзиши муолиҷавӣ, Сафохонов Д.Т.- мудири қисми таҷрибаомўзӣ ва омӯзгори фанни терапия) ва 1 нафар унвонҷӯй: Бобоева Г.В. дар марҳалаи ҳимояи номзадӣ фаъолият мебаранд. Дар коллеҷ танҳо шӯъбаи «Кори ҳамширагӣ» амал мекунад, ки дар он ҳамагӣ 512 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Ҳамаи донишҷӯёни дар шӯъбаи рӯзона, дар гуруҳҳои буҷавӣ 199 нафар ва дар гуруҳҳои шартномавӣ 358 нафар таҳсил намуда истодаанд.
© 2011-2025 Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара