Қоидаҳои қабул
Қабули довталабон аз соли 2016 бо тариқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ММТ ба роҳ монда шудааст.
БАҚАЙДГИРӢ кай гузаронида мешавад?
Дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ марҳалаҳои бақайдгирӣ (асосӣ), азнавбақайдгирии асосӣ ва иловагӣ, бақайдгирии иловагӣ ва азнавбақайдгирӣ барои озмуни тақсимоти такрорӣ ба нақша гирифта шудааст.
БАҚАЙДГИРӢ (МАРҲАЛАИ АСОСӢ) – аз 1-уми март то 15-уми апрели соли 2020 дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи ҷумҳурӣ (дар бораи макони нуқтаҳои бақайдгирӣ тавассути сомонаи Маркази миллии тестӣ ва расонаҳои хабарӣ маълумот пешниҳод мегардад).
МАРҲАЛАИ АСОСИИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ – аз 16-ум то 30-юми апрели соли 2020 барои аз нав номнавис кардани довталабон дар нуқтаи бақайдгирие, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ дар ҳамон нуқта сабти ном кардаанд.
МАРҲАЛАИ ИЛОВАГИИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ – аз 10-ум то 30-юми июни соли 2020 дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе барои довталабоне, ки хоҳиши иваз кардани гурӯҳи ихтисосҳо ва (ё) комбинатсияи ихтисосҳоро доранд.
МАРҲАЛАИ ИЛОВАГИИ БАҚАЙДГИРӢ – аз 10-ум то 30-юми июни соли 2020 дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе барои довталабоне, ки бо сабабҳои гуногун дар марҳалаи бақайдгирии асосӣ аз қайд нагузаштаанд.
АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ БАРОИ ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ – аз 10-ум то 13-уми августи соли 2020 дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои довталабоне, ки аз ҳамаи субтестҳои дахлдор холҳои гузариши фанниро соҳиб шуда буданд, аммо дар озмуни тақсимот комёб нагардидаанд.
МУФАССАЛ....