Версия барои чоп  PDF

АЗ 27-УМИ АПРЕЛ ТО 10-УМИ МАЙИ СОЛИ 2020 ТАЪТИЛИ МУВАҚҚАТӢ ЭЪЛОН ШУД

АЗ 27-УМИ АПРЕЛ ТО 10-УМИ МАЙИ СОЛИ 2020 ТАЪТИЛИ МУВАҚҚАТӢ ЭЪЛОН ШУД

Рӯзи 25.04.2020 таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Covid-19 Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Covid-19 баргузор гардид.

Дар ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шавад.

 

Шарҳ дода нашудааст! Шумо метавонед якум бошед!

© 2011-2025 Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара