Пояи моддӣ-техникӣ ва таълимӣ- лабораторӣ
Заминаҳои моддию техникӣ, таълимию лабораторӣ
Муассисаи давлатии таълимии«Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара» аз 1 бинои асосии дуошёнаи таълимӣ, ки дар шаҳри Исфара, маҳаллаи 9/5-б, дар бинои кўдакистони №39-и ҶСШК «Тамохуш-ЗГМИ» ҷойгир мебошад. Ин бинои коллеҷ ба ҶСШК «Тамохуш-ЗГМИ» мансуб буда, МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара» ҳамчун истифодабаранда бо пардохти ѓайриманќул фаъолият мебарад. Инчунин 1 бинои таълимии амалӣ дар заминаи БМШ мавҷуд мебошад. Масоҳати умумии коллеҷ бо назардошти масоҳати заминаҳои таълимӣ 1763 метри мураббаъро ташкил дода, аз ин миќдор 1352 метри мураббаъро масоҳати таълимӣ ташкил медиҳад,ки ба 1 нафар донишҷў 3,4 метри мурабаъ рост меояд (меъёр – на камтар аз 5 метри мурабаъ).
Барои гузаронидани машѓулиятҳои назариявию амалӣ, таҷрибаомўзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пеш аз дипломии донишҷўён байни коллеҷ ва чунин муассисаҳои тандурустӣ: БМШ, МСШ, осоишгоҳи «Зумрад» ва МНДСЭ оид ба ихтиёри коллеҷ вогузор намудани ҳуҷраҳои таълимӣ ба мўддати то 31.12. 2019 шартномаҳо ба имзо расонида шудааст.
Ќисми зиёди ҳуҷраҳои таълимӣ ба тарзи кабликлиникӣ ҷиҳозонида шуда, онҳо ба фанҳои таълимӣ ва тахассусӣ мутобиќ карда, бо асбобҳои айёнӣ ва воситаҳои таълимӣ техникӣ таъмин карда шудааст. Ҳуҷраҳои машѓулиятгузаронӣ бо мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ таъминанд. Дар коллеҷ хамаги 50 адад компютер,15 адад нотбук мебошад.1 синфхонаи компютерӣ мавҷуд буда, он дорои 13 адад компютер ва 8 адад ноутбук мебошад, аз ин миќдор 1 ададаш аз ҳуҷраи компютерӣ, 3 адад аз ҳуҷраҳои корӣ ва 3 адад аз китобхона(ҳамагӣ 7 нуќта) бо 1 хати интернет пайваст мебошад.(айни ҳол пайваст нест).
Оид ба талаботи санитарию эпидемологӣ ҷавобгў будани МДТ«Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара» хулосаи сардухтури МНДСЭ шаҳри Исфара аз 11.08. 2015, №396 (мўҳлати амал то11.08. 2019) мавҷуд аст.
ҳуҷраҳои таълимӣ - 40 адад, аз он ҷумла:
дар бинои асосӣ - 15 адад, (аз он ҷумла толори лексиони 3 адад);
дар заминаи БМШ - 17адад;аз он 3 хучра дар шуҳбаитакмили ихтисос
дар заминаи КАТС - 3 адад;
дар заминаи осоишгоҳи Зумрад - 3 адад;
дар заминаи МНДСЭ - 1 адад;
дар заминаи шўъбаи ёрии таъҷилӣ- 1 адад;
Хуҷраҳои корӣ - 17 адад, аз он ҷумла :
дар бинои асосӣ - 13 адад
дар заминаи БМШ - 4 адад (мудири қисми таҷрибаомӯзӣ,ҳуҷраи лаборант,ҳуҷраи мудири шӯъбаи такмили ихтисос,қабулгоҳи такмили ихтисос).
Дар бинои асосии муассиса майдончаи варзишӣ, ќисми хоҷагӣ, китобхона ва бойгонӣ низ ҷойгир шудаанд. Дар маҷмўъ дар коллеҷ 57 адад ҳуҷраҳо,аз он ҷумла 40 ҳуҷраҳои таълимӣ, 17 ҳуҷраҳои корӣ мавҷуд мебошад. Ҳамаи синфхонаҳо бо рўшноии табиию барќӣ таъмин мебошанд. Хуҷраҳои таълимӣ бо таҷҳизот таъмин буда, барои пеш бурдани ҷараёни таълим ба талаботи раванди таълиму тарбия мувофиќ аст.